ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Алиризо Ваҳобзода дар ҳисоби Твиттерии худ навишт: «Ваксинаи коронаии муштараки инститкти Пастери Эрону Куба марҳалаи нахусти корозмоии болиниро бомуваффақият пушти сар гузошт ва марҳалаи дувум ҳам дар Куба дар ҳоли анҷом аст ва ба зудӣ вориди марҳалаи ниҳоӣ мешавад.»
Мушовири вазири беҳдошт, дармону омӯзиши пизишкии Эрон таъкид кард: «Бо талоши институти Пастер, ваксинаи коронаии муштараки Эрону Куба дар идомаи ҳамкориҳои қаблии ду кишвар дар дохили Эрон тавлид мешавад.»
Яке аз муассисоти қадимӣ ва шинохташудаи Куба дар ҳавзаи ваксинасозӣ бо мушорикати институти Пастери Эрон, тавлиди муштараки ваксинаи коронаро дар дастури кори худ қарор додааст.
Нахустин ваксинаи эронии корона низ рӯзи 29 декабри 2020 дар марҳалаи аввали мутолиоти болинӣ, ба 56 довталаб тазриқ шуд.
342/